Ҷаримаи Ҷонибек, ки ҳангоми мастӣ дар Душанбе худро бардурӯғ милиса гуфтааст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷонибек Хоҷаев, сокини 29-солаи Душанберо, ки ҳангоми мастӣ дар маркази пойтахт худро милиса муаррифӣ кардааст, 12 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хоҷаев  то моҳи октябри соли 2018 шаҳодатномаи тақаллубиро пешниҳод карда, худро корманди милиса муаррифӣ мекардааст.

Қасди худкушии ҷавонзан дар Хуҷанд ва тавсияҳои КҲФ ба шаҳрвандон

Аз ҷумла Хоҷаев Ҷонибек 16-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ назди бинои № 87 дар ҳолати мастӣ худро милиса гуфта, барои исбот ба шаҳрвандон шаҳодатномаи қалбакиро пешниҳод мекардааст. Қонуншикании дигаре дар аъмоли Хоҷаев зикр нашудаанд.

Манбаъ афзуд, зимни мурофиа муайян шуд, ки Хоҷаев, сокини 29-солаи кӯчаи Сари Осиё, бекор, падари як кӯдак, воқеан аз сентябри 2013 то январи соли 2017 ба ҳайси сержанти хурд дар идораи милисаи шаҳри Душанбе кор мекардааст. Аммо дар пайи садамаи автомобилие, ки Хоҷаев моҳи июли соли 2015 дучор шудааст, ӯ тасмим гирифтааст, ки кор дар мақомоти умури дохилиро ба далели саломатӣ тарк кунад.

Аммо Хоҷаев шаҳодатномаи қалбакӣ бо муқоваи ҳайати афсарӣ, ки ҳамкораш - марҳум Суюнов Насим ба ӯ барои хотира додааст, бо худ нигоҳ дошта, худро милиса мегуфтааст, иттилоъ дод додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳ Хоҷаевро бар асоси моддаи 340 қисми 1-и Кодекси ҷино, барои сохтакорӣ гунаҳкор дониста, ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 12 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баст.