ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, муроҷиати Нуров ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ 8-уми марти соли равон ворид гардидааст.
Нуров шикоят кардааст, 4-уми январи соли равон дар назди бозори “Султони Кабир” шаҳрванд Саъдӣ Алиахмедов аз ӯ ноқилҳои барқӣ гирифта, маблағашонро то ҳол надодааст. Манбаъ арзиши умумии ноқилҳоро 82 ҳазору 219 сомонӣ гуфтааст.
Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан маъмурини милиса барои ҳалли қазияи мазкур чораҳо андешида истодаанд.
ВУД афзуд, Алиахмедов, қаблан низ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, барои қаллобӣ суд шудааст.