Соҳибкори арманӣ аз даъвои пахтакорони тоҷик розӣ нест - Навор

Гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арманистон ҳамоиши эътирозӣ баргузор карда, аз Ҳукумати ин кишвар мусоидат барои гирифтани маошашонро дархост кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Панҷ  шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои пахтакорӣ ба Арманистон ҷалб шуда буданд, субҳи 7 март назди бинои Ҳукумати ин кишвар ҷамъ омаданд, иттилоъ додааст Sputnik Армения.

Пахтакорони тоҷик, таъкид намуданд, ки соҳибкор Гагик Хачикян аз онҳо наздик ба 15 ҳазор доллар қарздор шудааст ва маблағро пардохт намекунад.

Абдулло Хайрулло, пахтачинӣ тоҷик хабар додааст, ки 7 нафарашон бидуни гирифтани маош аллакай ба Тоҷикистон баргаштаанд. Нафарони боқимонда барои баргаштан маблағ надоранд ва наметавонанд ба назди оилаҳои худ баргарданд.

Тазоҳургарони тоҷик дар лавҳаҳои худ аз пардохти маош даъво доранд.

“Мо аз моҳи май кор кардем ва пахтакорӣ кардем. То тирамоҳ кор кардем вале барои мо пул надоданд”, мегуяд Хайруло.   

Дигар пахтакорӣ тоҷик суханони шарикашро тасдиқ карда гуфт, ки соҳибкори арманӣ ҳамагӣ барои онҳо барои се моҳ маош доду халос. Ҳоло онҳо аз ҳисоби худ зиндагӣ мекунанд ва мехоҳанд ба Ватан баргарданд.

Дар ҳамин ҳол намояндаи соҳибкор Гагик Хачикян бо номи Лусине аз иддаҳои пахтакорони тоҷик қатъиян норозигӣ баён кард.

Ба гуфтаи вай, кишоварзони пахтакори тоҷик барои роҳандозии парвариши пахта ҳамчун мутахассис ҷалб шуда буданд ва корфармо барои онҳо тамоми шароитро муҳаё карда буд.

Лусине таъкид кард, ки соҳибкори арманӣ тоҷиконро ба хонаву ғизо таъмин карда, маблағи комунали ва хизматрасониҳои тибиии онҳоро пардохт мекард.

Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар пеши Ҳукумати Арманистон

“Онҳо савори мошини ман буданд. Метавонам ба Шумо санадҳои ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои роҳро нишон диҳам. Мо ҷаримаҳоро низ пардохт мекардем – мушкиле нест онҳо меҳмони мо ҳастанд. Мо онҳоро ҳатто тобистони гузашта ба саёҳат бурдем”, - гуфт Лусине.

Намояндаи соҳибкори арманӣ таъкид намуд, ки маоши тоҷиконе, ки Арманистонро тарк карданд пурра пардохт шуда буданд. Соҳибкор дар даст санадҳои лозима бо имзои худи пахтачинони тоҷикро дорад.

“Ҳар моҳ ҳамин Хайруло рӯйхат меовард, ки ба ҳар як нафар чӣ қадар маблағ бояд пардохт шавад. Новобаста аз он ки пахтакорони тоҷик тибқи шартнома корҳои худро иҷро карданд ё на, ман шахсан бонк мерафтам ва барои онҳо пул мефиристодам”, - зикр кард намояндаи соҳибкор.

Дар ҳамин ҳол Лусине қайд намуд, ки қарз дар назди пахтачинон вуҷуд дорад, аммо ин маблағ 15 ҳазор доллар набуда ба маротиб кам аст. 

Вай афзуд, ки аз моҳи декабр тоҷикон кор накардаанд, ҳосил ҷамъ нашудааст ва ба ҳамин хотир мо бояд ба як тавофуқе бирасем.

Лусине гуфт, соҳибкор ҳамаи дархостҳои пахтакорони тоҷикро иҷро мекард.

“Мушкилот бояд ҳал шавад. Умедворем, ки бо розигии тарафайн мушкилоти мазкур ҳал хоҳад шуд”, - афзуд манбаъ.  

Хачикян тирамоҳи гузашта ба Sputnik Арманистон изҳор дошта буд, ки бо кумаки мутахассисони тоҷикистонӣ, аз ҷумла Абудлло Хайрулло дар водии Аракс парвариши пахтаро роҳандозӣ кард. Дар ҳоле, ки бисёриҳо бовар надоштаанд, Хачикян ва Абдулло Хайруло аз ҳосили хуби пахта дар ин минтақа хабар доданд. Абдулло Хайрулло он вақт изҳор дошта буд, ки тамоми асрори пахтакориро ба Хачикян ва шарикони арманӣ нишон дод, аммо соҳибкори арманӣ шӯхиомез илова кард, ки Абдулло Хайрулло бояд камаш 20 сол дар Арманистон монад, чун ҷавон аст. Ин соҳибкори арманӣ қаблан тайи қариб 20 сол ба содироти пахта аз Тоҷикистон машғул будааст.