Мулоқоти Худоҳофизии сафири Эрон дар Тоҷикистон бо Қоҳир Расулзода

Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо сафири Эрон таъкид кард, ки Тоҷикистон хостори афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷоратӣ миёни ду кишвар буда мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik.  Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ    сафири    Эрон  дар Тоҷикистон рӯзи  чоршанбе дар поёни  маъмурият  ва ба манзури   Худоҳофизӣ   бо Қоҳир Расулзода Сарвазири Тоҷикистон мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон.

Сафири Эрон пеш аз тарки Душанбе бо вазири тоҷик мулоқот кард

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур дар хусуси вазъияти  равобити   ду ҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ табодули назар шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, зимни мулоқот  сарвазири Тоҷикистон талошҳои сафири Эрон барои тавсеаӣ ҳамкориҳои ду ҷониба муҳим арзёбӣ кард.

“Раҳбари мо бар густариши   ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Эрон таъкид дорад. Мо хостори афзоиши ҳаҷми мубодилоти  тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба хусус, тақвияти сармоягузорӣ ва ҳузури Эрон дар бахшҳои кишоварзӣ, энергия, санъат ва сайёҳии Тоҷикистон мебошем

Инчунин Қоҳир Расулзода қайд намуд, ки зарфиятҳои ду кишвар бисёр фаротар аз омори мубодилоти тиҷорати кунунии онҳо мебошад.

“Зарурӣ аст бо тадобири   мухталиф, аз ҷумла дар Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, баргузории намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷоратӣ, тақвияти бахши хусусӣ ва ҳамкориҳои байни вилоятӣ ва байнишаҳрӣ ин зарфиятҳоро муҳаққақ созем”, - афзуд Расулзода.

Сарвазири  Тоҷикистон,   ҳамчунин аз сармоягузорӣ ва мушорикати  Эрон дар лоиаҳои зербиноӣ бузурги  кишвараш аз ҷумла дар сохти неругоҳи Сангтуда- 2, Туннели истиқлол ва сад ва неругоҳи Роғунқадрдонӣ намуд ва хостори тавсеаи ин гуна   ҳамкориҳои муштарак шуд.

Сафири Эрон: эрониён ва тоҷикон ҷудоинопазиранд

Сафири Эрон низ бо ишора ба иштирокоти гуногун, миёни Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки бархе тарафҳои солис дар солҳои ахир, дарсадади суӣистифода, ихтилофафканӣ миёни ду кишвар буданд, ки хушбахтона бо ирода ва тадбири Мақомоти олӣ ва раисони Ҷумҳурии ду кишвар ноком монданд.

Фағонӣ, ҳамчунин бар зарурати истифода аз фурсатҳо ва сафарҳои ду ҷониба ва байналмилалӣ  барои тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба дар ҳавзаҳои мухталиф, ба хусус иқтисодӣ таъкид намуд.