Латиф Пидром дар як ҳамлаи террористӣ дар Кобул захми шуд - Навору акс

Латифи Пидром, сиёсатмадори машҳури Афғонистон ва номзад ба мақоми раисҷумҳури ин кишвар дар маросими ёдбуди Абдулалӣ Мазорӣ дар Кобул, дучори ҳамла гардида, захмӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Латифи Пидром, яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикон дар саҳнаи сиёсии Афғонистон, дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба маросими ёдбуди яке аз раҳбарони қавми ҳазора дар Кобул, захмӣ ва дар бемористон бистарӣ шудааст.

Латиф Пидром дар як навори дар сафҳаи Фейсбук таъкид намудааст, ки вазъи саломатиаш беҳтар аст.

Вай гуфт дар рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб хоҳад шуд ва ба корҳои худ бармегардад.

“Вазъам хуб аст. Ба саломатиам хатаре нест. Як рӯзи дигар дар бемористон мемонам пасфардо рухсат мешавам. Рӯзҳои аввал каме ташвиш буд, пораи мушак кашида меша намеша, ҷароҳи карданд ва онро гирифтанд”, - таъкид намудаас Пидром.

Вай аз тамоми нафароне, ки дар ташвиш буданд изҳори сипос намудааст ва зикр кардааст, ки хатар бартараф шуд.

 Ёдрас мешавем, ки ахиран рӯзи панҷшанбеи 7-уми март дар шаҳри Кобул дар маросими ёдбуди Абдулалӣ Мазорӣ, роҳбари пешини ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, ки дар замони ҳукумати Толибон кушта шуда буд ҳамлаи террористӣ сурат гирифт.

Дар ин маросим мақомоти буландпояи Афғонистон аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешин, Муҳаммад Атмар Ҳаниф, номзади раёсати ҷумҳурӣ, Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ ва раиси ҳизби Ҷамъияти исломӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби исломии мардуми Афғонистон ва дигар шахсиятҳо, ҳузур  доштанд.

Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки дар ин ҳамлаи террорстӣ то ҳанӯз 3 тан ҷон бохта ва беш аз 20 нафари дигар захми бардоштанд.

Масъулияти ин ҳамларо то ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе ба ӯҳда нагирифтааст.

Абдул Латифи Пидром шоир, нависанда, рӯзноманигор ва сиёсатмадор, раиси ҳизби Кунгураи миллӣ Афғонистон, ва узви порлумони Афғонистон аз вилояти Бадахшон мебошад.

Латифи Пидром дар ду даври интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар низ номзад ба ин мақом буд.  Латифи Пидром зодаи Дарвози Бадахшони Афғонистон мебошад.