Додситонии кулли Узбакистон хабари худкушии Гулнора Каримоваро рад кард

Додситонии кулли Узбакистон хабари худкушии Гулнора Каримова рад карда таъкид кард, ки ҳоло ӯ муддати муҷозоташро ба тартиби муқарраршуда сипарӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Додситонии кулли Узбакистон ахиран хабари худкушии духтари аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов Гулнора Каримова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, қатъиян рад кард.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ  хабаре пайдо шуд, ки гӯё Гулнора Каримова баъд аз ба зиндон интиқол доданаш даст ба худкушӣ задааст.

Тартиботро вайрон кард: Гулнора Каримоваро дубора ба зиндон андохтанд

Инчунин ахиран Додситонии кулли Узбакистон хабар дода буд, ки духтари аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов Гулнора Каримоваро барои нақзи шарти адои ҷазо ба зиндон интиқол доданд, хабар медиҳад.

“Ҳеҷ худкушӣ ё сӯиқасд ба худкушӣ аз ҷумла куштори вай ба қайд гирифта нашудааст. Гулнора Каримова муддати муҷозоташро ба тартиби муқарраршуда сипарӣ мекунад. Ин ҳамааш хабарҳои сохта дар атрофи ин мавзӯъ мебошад”, - таъкид намудааст дафтари матбуоти Додситонии кулли Узбакистон.

Соли 2017 Каримова ба 10 соли зиндон маҳкум гардид, аммо дертар ҷазоро бо ҳабси хонагӣ ба мӯҳлати 5 сол иваз карданд.

Каримова бояд дар ин муддат манзилро тарк намекард, аз интернет истифода намебурд ва зарари расонидаашро ҷуброн мекард.

Ба иттилои додситонӣ, духтари президент ин талаботҳоро риоя накардааст.