Департаменти хазинадории Амрико кумаки техникӣ ба Бонки миллӣ кумаки техники мерасонад

Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории Амрико бо Бонки миллии Тоҷикистон масоили ҳамкориҳо дар бахши низоми бонкӣ ва пешниҳоди кӯмаки техникиро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ахиран Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории Амрико таҳти сарварии Мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии Департаменти хазинадории Вазорати молияи Амрико Уилям Томас мулоқот анҷом дод.

Мулоқоти ХБА бо Бонки Миллӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол

Зимни мулоқот Ҷамолиддин Нуралиев аз Ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории Амрико даъват кард, ки дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани хавфҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, бозомӯзии кормандон ва фарогирии молиявӣ, бо пешниҳод намудани кӯмаки техникӣ ҳамкории муштараки судмандро ба роҳ монанд.

Дар навбати худ, роҳбари ҳайати намояндагии Департаменти хазинадории Амрико Уилям Томас, омодагӣ барои идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон баён кард. 

Инчунин Уилям Томас изҳор дошт, ки Бонкҳои марказӣ бояд бо барномаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир фаъолияти худро пеш баранд ва Департаменти хазинадории Амрико дархости Бонки миллӣ дар ин самт амалӣ намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои соҳа кӯмаки техникӣ мерасонад ва дар самтҳои дархостшуда баҳри табодули таҷриба ва омӯзиш мусоидат хоҳад кард.