Ҳалокати пиёдагарди шахсияташ номаълум дар роҳи Кӯлоб - Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шоми 5-уми марти соли 2019 пиёдагарди шахсияташ номаълум зери мошин монда, ҷон дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса тахминан соати 19:30 дар ҳудуди деҳаи Восеъободи ноҳияи Восеъ рух додааст.

Ҳалокати модару духтари 83 ва 55-сола аз ҳамлаи гургҳо дар Поршневи ВМКБ

“Рӯзи 5-уми марти соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело”, Раҳматов Акмал Холбоевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Кӯлоб-Душанбе”, дар ҳудуди деҳаи Восеъобод аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди шахсияташ номаълумро зер кардааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

ВУД афзудааст, ки дар натиҷа пиёдагард дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки зоҳиран пиёдагарди марҳум тахминан 45-50-сола буда, миллати маҳаллӣ мебошад.

ВУД илова намуд, ки феълан чорабиниҳо барои муайян кардани шахсияти пиёдагарди ҳалокшуда идома доранд.