ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Ахиран дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии “Суруди Модар – Алла” баргузор гардид.
“Фестивал ба Рӯзи Модар бахшида шуда, мақсади асосии он баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, расидан ба қадри зан-модар ва заҳматҳои шабонарӯзии ӯ мебошад”, - таъкид намуд манбаъ.
Даври аввал ва дуюми Фестивали “Суруди Модар – Алла” дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо доир гардида, беҳтаринҳо ба сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.
Дар даври ҷумҳуриявӣ беҳтарин донандагон ва сарояндагони алла иштирок намуда, бо ҳунари худ чанд лаҳза ҳозиринро ба фараҳбахштарин даврони зиндагӣ — ҳаёти тифлона ворид намуданд.