Рустам Эмомалӣ ба занони кӯчарӯб 1000-сомонӣ медиҳад

Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба иди занон ва Наврӯз ба занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 1000-сомонӣ тақдим мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раиси шаҳри  Душанбе Рустам Эмомалӣ ба занони кӯчарӯби шаҳри Душанбе бахшида ба Иди занон ва Наврӯз ҳазорсомонӣ тақдим мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар додааст.

Қарори вижаи раиси шаҳр таҳти рақами 123 аз 5 марти соли равон ба имзо расидааст.

Дар санад гуфта мешавад, мақсад аз тақдими маблағ ҳавасманд кардани "ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар тозагию ободонии пойтахт ва биноҳои маъмурӣ саҳми арзанда доранд".

Барои пардохти маблағи пулӣ аз ҳисоби буҷаи шаҳр бештар аз 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Маблағҳои то 7 март ба бонувон дар вазъияти тантанавӣ дода мешавад.