ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Шаҳринав дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” дар ҳудуди шаҳри Ҳисор пиёдагардро пахш намудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи 4-уми марти соли равон, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мошини “Опел-Вектра”, Усмонов Абдукарим Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Шаҳринав дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҳамидов Ҷамшед Хуршедович, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Ҳуҷумро, ки аз канори рости роҳ ба канори чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дафтари матбуоти вазорати умури дохила таъкид намудааст, ки Ҳамидов Ҷамшед ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон