Тоҷикистон аз “Эксимбонк”-и Чин 1,3 миллиард доллар қарздор аст

Тоҷикистон аз Бонки содирот ва воридоти Чин – “Эксимбонк” ҳудуди 1,3 миллиард доллар қарздор аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар ин бора хабаргузории “Тоҷик Та” хабар дода, аз қавли Вазорати молияи Тоҷикистон қарзи хориҷии ҷумҳуриро дар оғози соли равон 2 миллиарду 924,2 миллион доллар арзёбӣ кардааст.

Боздошти мақомдори Кумитаи замин барои гирифтани 3 ҳазор сомонӣ пора

Ба навиштаи манбаъ, дар дувумин семоҳаи соли гузашта Тоҷикистон ҳудуди 35 дарсади қарзҳои хориҷиашро аз Чин дарёфт карда буд. Ҳоло Тоҷикистон беш аз 40 дарсади қарзҳои хориҷиашро ба бонки Чин бидеҳкор аст.

Соли гузашта ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон баробари 38,9 дарсади ММД-и кишвар буд. Дар ин муддат барои пардохти қарзҳои хориҷӣ 224 доллар масраф шуд.

Эксимбонки Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки осиёии тавсеа ва Бонки исломии тавсеа аз қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамчунин, Тоҷикистон ба Сандуқи тавсеаи саъудӣ, Сандуқи тавсеаи Қувайт, Сандуқи зиддибуҳронии Авруосиё, Фаронса, Олмон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сандуқи аврупоии сармоягузорӣ ва Сандуқи тавсеаи Абу Дабӣ қарздор мебошад.