ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш, дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 25- 30 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси обуҳавошиносӣ.
Манбаъ афзуд, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.