Коратон пурра қатъ мешавад: ҳушдор ва пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба букмекерҳои Душанбе

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои букмекерии фаъол дар ҳудуди пойтахт ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳоро баррасӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба марказҳои букмекерӣ изҳори нигаронӣ намуд.

“Каталпа”, “клён”, “ел”, “слива”, "магнолия": Раҳмон дар назди масҷид чиро шинонд - акс

Ӯ ба масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ,  маориф ва ширкатҳои букмекерӣ барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии ворид шудани наврасону ҷавонони то синни 18-сола ба чунин марказҳо супоришҳои қатъӣ додаст.

“Воридшавии наврасону ҷавонон ба чунин марказҳо бар хилофи қонун буда, саривақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад”, - таъкид кардааст Рустами Эмомалӣ.

Ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати аз ҷониби идораҳои  букмекерӣ риоя нагардидани  талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии ҷалби ноболиғон фаъолияти онҳо пурра қатъ карда мешавад.

Рустами Эмомалӣ инчунин таваҷҷуҳи роҳбарони идораҳои букмекериро ба корҳои созандагиву ободкорӣ, таъмиру азнавсозии ҷойҳои корӣ ва тозагии гирду атрофи маҳали фаъолият ҷалб намудааст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ феълан дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нукта, бо шумораи 160 нафар корманд фаъолият менамоянд.