Истеҳсолро зиёд, бехатариро риоя ва маошро пардохт кунед: тавсияи вазир ба ширкати чинӣ

Ширкати чинӣ соли гузашта ба коркарди кони “Пакрут” 70 млн. доллар маблағгузорӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “Пакрут” даъват кард, ки барои ҳарчӣ бештар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хом чораҳои таъхирнопазир андешад.

Бино ба иттилои дафтари матбути Вазорат, фаъолияти корхонаи мазкур зимни вохӯрии вазири саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ Заробиддин Файзуллозода бо менеҷери генералии  ширкати Чжан Ган баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат масъалаи бозомӯзии мутахассисони маҳаллӣ, ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазир ба намояндагони ширкати ҶДММ “Пакрут” вобаста ба риоя намудани техникаи бехатарӣ дар раванди истеҳсолот, пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон ва риояи муқаррарот ва талаботҳои қонунгузорӣ дастур дод.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои  рушди ҳамкориҳои дуҷониба, доир ба ташкили ҷойҳои нави корӣ дар соҳа мавриди муҳокима қарор дода шуд.