Ҳайати Парлумони Тоҷикистон ба Япония сафар намуд

Ҳайати Парлумони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Киото, Осака ва Ҳиросимо дидан намуда, бо ҳамватанони бурунмарзӣ — донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин шаҳрҳо таҳсил менамоянд, мулоқот анҷом медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Субҳи имрӯз, 4 март ҳайати парлумони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Токиои Япония сафар намуд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Вакилони парлумон дар бозору сохтмонҳои Маскав бо муҳоҷирони тоҷик ҳамсӯҳбат шуданд

“Ҳайати мазкур бо роҳбарии Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба орҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ба ин мамлакат рафт”, - гуфтааст котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.  

Ба иттилои манбаъ, сафари мазкур бо даъвати расмии Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима сурат гирифт.

“Сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон то 6 марти соли равон идома ёфта, дар ин раванд мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳо ва дигар шахсони расмӣ, инчунин баргузории ҷаласаи кории гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду мамлакат дар назар аст”,-илова намудааст Муҳаммадато Султонов.

Мавриди зикр аст, ки ҳайати Парлумони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Киото, Осака ва Ҳиросимо дидан намуда, бо ҳамватанони бурунмарзӣ — донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин шаҳрҳо таҳсил менамоянд, мулоқот анҷом медиҳанд.