Султонов баъди сафари Сурия барои таблиғи ДОИШ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд

Ҷӯрабек Султонов аз Маскав ба Киев ва сипас ба Туркия рафта, ҳангоми убури марзи Туркияву Сурия дастгир шудааст. Додгоҳи шаҳри Турсунзода ҷавонро ба 12 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Таблиғгари ДОИШ (гурӯҳи террористӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба 12 соли зиндон маҳкум шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҷӯрабек Султонови 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода дар Русия ба гурӯҳи террористӣ гаравидааст.

Султонов, ки аз соли 2014 дар Маскав кор мекардааст, соли 2018 тариқи интернет ғояҳои ДОИШ-ро қабул кардааст. Ӯ баъди мулоқот бо доишиён қасди сафари Сурияро кардааст.

Ваҳшониятҳои ДОИШ: 3500 ҷасад дар як чуқурӣ

"Султонов охирҳои моҳи ноябри соли 2018 аз Маскав ба Киев ва аз Киев ба Туркия сафар карда, ҳангоми умури марзи Сурия аз ҷониби сарҳадбонони Туркия дастгир шудааст ба Тоҷикистон истирдод шудааст", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Султонов Ҷ.А. бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода аз 23 январи соли 2019 Султонов Ҷ.А. дар содир намудани ҷиноятӣ зикргардида, гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт маҳрум карда шудааст.