Моҳпайкар Ёрова дар филми туркӣ бо Бурак Озчивит нақш мебозад - Навор

Бурак он ҷо нақши писарамро мебозад. Филм дар бораи талоши тахту тоҷ аст. Дар силсилафилм ман маликаам, ки иҷрои ин нақш орзуи деринаи ман буд, мегӯяд ҳунарманди тоҷик.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ҳунарманди синамо ва театри тоҷик Моҳпайкар Ёрова дар филми хориҷие якҷо бо ситораи турк Бурак Озчивит нақш мебозад. Дар ин бора ҳанарманд дар барномаи "Ҷаҳонзеб"-и телевизиони давлатии "Сафина" хабар додааст.

Ӯ мегӯяд, барои гирифтани нақш дар озмуне иштирок карда, аз миёни даҳ ҳунарманд интихоб шуд.

"Дар синамо пешниҳодҳои зиёде мешаванд. Ба наздикӣ ман даъватӣ будам ба як мамлакати хориҷ, ки дар он ҷо талош барои як нақш буд ва ман бурд кардам", - изҳор доштааст Моҳпайкар Ёрова.

Ба гуфтаи ӯ, филмро ба наздикӣ  Туркия дар ҳамкорӣ бо Фаронса ба навор мегиранд.

"Филми торихӣ аст, дар он орзуи деринаи ман, ки бозидани нақши  малика буд, амалӣ мешавад. Ман маликаи форсро мебозам ва ситораи номии турк Бурак Озчивит нақши писари маро. Силсилафилм дар бораи талоши тоҷу тахт нақл мекунад", - тавзеҳ медиҳад ҳунарманд.

Моҳпайкар афзудааст, ки аллакай бо далати хориҷӣ шартнома бастааст ва ба наздикӣ сабти филм оғоз мешавад.

Ҳунарманди тоҷик дар анҷом гуфтааст, ки ҳарчанд бо Озчивит дар як филм нақш хоҳад бозид, ба вай муяссар нашуд, ки ситораи турк ҳамсӯҳбат шавад ё акс гирад.

"Аҷибиаш дар он аст, ки вақте гуфтам, бо Бурак акс гирифтан мехоҳам, шансе диҳед бо ӯ ҳамсӯҳбат шавам, гуфтанд, ки иҷоза нест. Он ҷо агар бо ҳунарманде сӯҳбат кардан хоҳӣ, сараввал худро номнавис мекунӣ ва маблағи муайяне ҷудо мекунӣ - ин ҳам тиҷорат аст", - таъкид мекунад Ёрова.

Ёрова пештар низ дар филмҳои хориҷа, аз ҷумла русӣ ва туркӣ нақш бозидааст.