Хуҷанд рӯзи модарро чӣ гуна таҷлил мекунад?

Қарори раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қарор дар бораи сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Рӯзи Модар ба имзо расида, масъулини дахлдор барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани он муваззаф гардидаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри қарор дар бораи сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани Рӯзи Модарро ба имзо расонд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Озмун: интихоби сенария барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи дастгирии занон ва духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии минбаъдаи онҳо, таҳкими нақш ва мақоми зану занону модарон дар ҷомеа санаи 7-уми март ҳамоиши расмӣ ва 8-уми соли равон дар шаҳри Хуҷанд тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Модар гузаронида мешавад.

Аз ҷумла, дар арафаи Рӯзи Модар баргузор гардидани силсилаи мулоқоту суҳбат ва маҳфилҳо доир ба шинохту мақоми занон дар ҷомеа дар назар дошта шудааст.