Ҷазои корманди масти БДА барои зер кардани пиёдагард бо "Тойота"

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ нозири БДА, Ғайратчон Қурбоновро барои идораи мошин дар ҳолсти мастӣ ва зер кардани пиёдагард ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҳодиса шоми 20-уми июни соли 2018 рух додааст.

Шарҳи боздошти Азизов барои латукӯби духтари 23-сола дар назди тарабхонаи Галаксӣ -видео

Манбаъ афзуд, ки прапоршик Ғайратҷон Қурбонов, нозири БДА дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳолати мастӣ, автомашинаи “Тойота MR-2”-и бародараш, Шарипов Одилҷонро бидуни доштанин чунин ҳуқуқ идора кардааст.

Бар асоси иттилоияи Додситонии кул, Қурбонов ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд аз самти шаҳри Ҳисор ба шаҳри Душанбе дар маҳалли аҳолинишини деҳаи Ҷавонони деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Азизов Шавкат Шамсиевичро зер кардааст.

“Дар натиҷаи садама пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар вақти интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия. 

Манбаъ афзуд, ки додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Қурбоновро барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, бидуни ҳуқуқи идора, ки бо марги инсон анҷомидааст, ба 8 соли зиндон маҳкум карда, ба муҳлати 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум намудааст.