Эълони шаҳрдорӣ: қатъи обрасонӣ ба 2 ноҳияи Душанбе барои тармими қубури калон

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор барои қатъи интиқоли оби нӯшокӣ тариқи қубури қутраш 600 мм дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамовро имзо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, ба далели тармими қубури ин чорроҳа интиқоли об тариқи он аз соати 23:00-и 1 март то 23:00-и 2 март қатъ карда мешавад.

Андоз намепардозанд: азми Рустами Эмомалӣ барои арзонӣ дар бозорҳои Душанбе

Манбаъ афзуд, обрасонӣ ба як қатор маҳаллаҳо дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури Душанбе қатъ мегардад.

 Аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - ба маҳаллаҳои А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари - Осиё, кӯчаҳои Н.Хисрав, М.Турсунзода, Ш.Шоҳтемур, П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Пушкин, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ - аз кӯчаи У.Хайём то буриши кӯчаи С.Ғанӣ, инчунин Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии “Айнӣ” обрасонӣ масдуд мешавад.

IRS: роҳи Душанбе – Хуҷанд аз 2 тараф баста аст

Дар феҳрасти маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур, ки тайи як шабонарӯз об нахоҳанд гирифт, шаҳрдорӣ  маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1 ва Бадахшон-2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо, Бофанда ва С.Айнӣ - аз хонаи №1 то №77-ро ном бурд.

Раиси Душанбе мақомоти ин ду ноҳияро муваззаф кардааст, ки дар ин муддат бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.