“Вазири хориҷии Люксембург ба Тоҷикистон меояд”

Жан Асселборн, вазири умури хориҷӣ ва урупоии Люксембург рӯзҳои 3-4 март ба Тоҷикистон хоҳад омад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бино ба иттилои ТоҷикТА, Жан Асселборн дар чорчӯби ин ташриф бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дидор хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидорҳо вазъияти кунунӣ ва дурнамои рушди дуҷонибаву бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Дастовардҳои тавофуқномаҳое, ки солҳои 2004 ва 2011 дар чорчӯби сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург имзо шуда буд, низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.