Шикояти соҳибкорони Хатлон аз камбудиҳои ҷойдошта ба Раиси Палатаи савдо ва саноат

Раиси Палатаи савдо ва саноати бо соҳибкорони Хатлон масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ин минатақаро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik.   Рӯзи 28 феврали соли равон вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Раҷабалӣ бо соҳибкорони маҳаллии вилоят баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Таъйини раисони нави Хатлон ва 2 кумитаи дигар

Бино бар иттилои манбаъ, вохӯриро муовини раиси вилоят Раҷабов Р.С. ҳусни оғоз бахшида, раиси тозаинтихоби Палатаи савдо ва саноатро бо соҳибкорони маҳаллии вилоят шинос намуданд.

Сипас, раиси Палатаи савдо ва саноат Тоҷикистон дар бораи дастгирии соҳибкорон ва баррасии камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи соҳибкорӣ маърӯза кард.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар рафти ҷаласа қайд карда шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон бо эълон гардидани саоҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳуранҳои мардумӣ” ва “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” як қатор таъғиротҳои назаррас дар ин самт ба амал омада, ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон шароти хуб муҳаё гардидааст.

Дар ҷаласа соҳибкорони вилоят якчанд саволу таклифҳо пешниҳод карданд, ки аз тарафи Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.