Ҳукумати Русия нақшаи амалисозии Консепсияи сиёсати муҳоҷиратии Русияро барои солҳои 2019-2021 тасдиқ кард. Санад коркарди тарҳи қонун ва тарҳҳои дигар ҳуҷҷатҳоро, ки ба ҳалли вазифаҳои сиёсати муҳоҷиратии давлатӣ равона шудааст, дар назар дорад.

Мудири Маркази тадқиқотҳои муҳоҷиратӣ Дмитрий Полетаев мегӯяд, ҳуҷҷати нав камбудиҳои зиёд дорад.
Муҳоҷирон барои гирифтани хонаи иҷора ё ба назди духтур рафтан, аз хизматрасониҳои давлатӣ истифода намебаранд ва бо сокинони маҳаллӣ ҳамкорӣ намекунанд.
Ҳамаи ин боиси пайдои шудани ҷамъиятҳои қавмӣ мешавад.
"Манзил ё тандурустӣ барои муҳоҷирон дастнорас аст. Онҳо дар истифодаи хизматрасониҳои давлатӣ мушкилӣ мекашанд. Барои ҳамин маҷбур бо диаспораи мавҷуда ё шиносҳои худ мушкилиҳояшонро ҳал мекунанд. Маҳз бо ҳамин сабаб онҳо бо сокинони маҳаллӣ ҳамкорӣ намекунанд", - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи Полетаев, ин мушкилиҳоро метавон бо кӯмаки ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳал кард. Вай мегӯяд, барои ин, Ҳукумат бояд маблағ иловагӣ ҷудо кунад.