Чин ҳамкории низомияш бо Тоҷикистонро қонунӣ хонд

Вазорати дифои Чин аз ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон ҳимоят карда, иддаои ҳузури низомиёнашро дар қисмати Вахони Афғонистон рад кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Рен Гуогианг, сухангӯи Вазорати дифои Чин рӯзи панҷшанбеи 28-уми феврал дар нишасти матбуотии моҳонаи ин ниҳод гуфтааст, ҳамкориҳои низомии Чину Тоҷикистон дар доираи қавонини байналмилалӣ ва тавофуқоти дахлдори Шӯрои амнияти СММ мебошанд.

Садҳо миллион доллар: Тоҷикистон аз сармояҳои Чин розӣ аст

“Ин ҳамкориҳо ба нафъи ду кишвар, ба нафъи низомиёни ду ҷониб ва сулҳу субот дар минтақа мебошанд”, - навиштааст The Associated Press аз қавли сухангӯи Вазорати дифои Чин.

Дар баробари ин, ӯ ҳузури низомиёни Чинро дар қисмати Вахони Афғонистон рад карда,  таъкид намудааст, ки Чин чунин ният надорад.

Рен Гуогианг ҷузъиёти ҳамкории низомии Чину Тоҷикистонро ироа накардааст, аммо нашрияи “Вашингтон пост” ахиран аз ҳузури низомиёни чинӣ дар шарқи ВМКБ гузориш дод.