Бонки миллӣ қурби асъори хориҷӣ барои имрӯзро эълон кард

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби 1 доллари ИМА-ро 9,4384 сомонӣ, 1 евро – 10,7749 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0,1432 сомонӣ муқаррар кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки милллӣ,  қурби миёнаи фурӯши як доллари нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 9,4384 то 9,4400 сомонӣ, 1 евро аз 10,7500 то 10,7800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0,1432 то 0,1450 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаҳои интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Ин дар ҳолест, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди асъори хориҷӣ дар кишвар, аз ҷумла доллар гила доранд. Ниёзмандони доллар, ки бештарашон интиқолдиҳандагони бор аз хориҷи кишвар мебошанд, изҳор медоранд, ки бо вуҷуди навбатпоӣ имкон надоранд, ки доллар бихаранд, то бар ивазаш аз хориҷ бор ворид кунанд.