Ҷалолов ва Тадаморӣ густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопонро баррасӣ карданд

Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо Тадаморӣ Ошима, раиси палатаи поёнии парлумони Ҷопон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik.Тибқи иттилои ВУХ, мулоқоти Ҷалолов ва Тадаморӣ 27 феврал баргузор гардид.

Манбаъ изҳор дошт, ки зимни мулоқот натиҷаи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Ҷопон, ки 3-5 октябри соли 2018 сурат гирифта буд, баррасӣ шуданд.

“Инчунин ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Гурӯҳи дӯстӣ дар шаҳри  Токио мубодилаи афкор сурат гирифт”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.