Тоҷикистон тасмим дорад ба низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ дохил шавад

Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо хоҳиш намудааст, ки барои шомилшавии ҷумҳурӣ ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ мусоидат намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik.  Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо Мэрилин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, масъалаи шомил гардидани Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ баррасӣ намуданд.  

Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо вазъи амниятӣ дар Афғонистонро баррасӣ кардан

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот дар масоили ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва шомил гардидани Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ таваҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Мерилин Ёсефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон таъкид намудааст, ки шомил гардидани Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ имконият медиҳад, ки молсодиркунандагони ватанӣ аз ҳуқуқи шароити беҳтари низоми тиҷоратӣ, тавассути коҳиш додани боҷҳои гумрукӣ барои зиёда аз 6400 намуди молҳо дар сатҳи сифр, ки содироташон ба бозори кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нигаронида шудааст, истифода намоянд.

“Ин раванд дастрасӣ ба молҳои Тоҷикистонро барои истеъмолкунандагони Аврупоӣ хубтар намуда, мутаносибан рақобатпазирии молҳои ватаниро дар ин минтақа қавитар мегардонад”, таъкид намудааст Мерилин Ёсефсон. 

Вай зикр намуд, ки Тоҷикистон барои бархурдорӣ аз низоми мазкур бояд 27 Конвенсия ва санадҳои тасвибшударо дар самтҳои ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи меҳнат ва идоракунии самарабахш амалӣ намояд.

Дар навбати худ Раиси Кумитаи сармоягузорӣ таъкид намудааст, ки ҳамроҳшавӣ ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ барои Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад.

Вазорати рушди иқтисод: полоишгоҳи нафт дар Данғара соли 2019 роҳандозӣ хоҳад шуд

“Он рақобатпазирии молҳои содиротшавандаи кишварро дар бозори Иттиҳоди Аврупо афзун гардонида, заминаи солимро барои рақобатпазирии молҳои ватанӣ дар бозори Иттиҳоди Аврупо фароҳам меорад”, - гуфт Ҳамрализода.

Инчунин вай қайд намуд, ки коҳиш ёфтани андозаи миёнаи боҷҳои воридотии гумрукӣ барои молсодироткунандагони кишвар, дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо то ба сифр бевосита ба афзудани қисмати содиротии гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намуда, барои бунёди ҷойҳои нави корӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Ба ҳамин хотир мақомоти Тоҷикистон аз Иттиҳоди Аврупо барои шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии бархурдории тиҷорати GSP+ мусоидати хост.