Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки сиёсати андозро бознигарӣ кунад

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд, ки қарзҳои пардохтнашударо ба танзим дароранд, то бори молиёти бонкҳои Тоҷикистон сабук шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ дар масоили суботи молиётӣ Фернандо Данкоза эълом кард, ки Тоҷокистон бояд сиёсати андозро бознигарӣ кунад.

Ба гуфтаи коршинос, бояд қарзҳои пардохтнашударо ба танзим даровард, ки бори молиётии он дар дӯши ташкилотҳои қарзӣ вазнин аст. Данкозо ҳамчунин маслиҳат медиҳад, ки ба бонкҳои ба бӯҳрон дучоршуда, имтиёз дода шавад, чуноне ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон медиҳанд.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи августи соли гузашта қарзҳои пардохтнашудаи бонкҳои Тоҷикистон 201 миллион долларро ташкил медод. Гуфта мешуд, ки як қатор бонкҳои Тоҷикистон се соли ахир пулҳои муштариёнашонро баргардонида наметавонанд.

Намояндагони банкҳо ин вазъро чунон шарҳ медоданд, ки онҳо низ қарзҳои ба муштариён додаашонро баргардонида наметавонанд.

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки ташкилотҳои қарзӣ бештар ба хешовандону наздиконашон қарз додаанд, ки дар натиҷа мушкилии баргардонидани қарз пеш омадааст.