Зафарбек Давлатзода, раиси шаҳри Конибодом мақоми нав гирифт

Зафарбек Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом бо гирифтани 77,5 дарсади райъи мардум ҳамчун вакили Маҷлиси Вакилони халқи шаҳр интихоб гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik.  Якшанбеи сипаришуда дар ҳавзаи интихоботии “Айнӣ 38” - деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосими Лоҳутӣ маъракаи интихоботи вакили Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи “Айнӣ 38” ба ивази вакили хориҷшуда баргузор гардид.

Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти Конибодом хабар медиҳад.

Интихобот: 98% ба ҷонибдории Ёдгор Файзов раъй додаанд

Бино бар иттилои манбаъ, дар ду ҳавзаи интихоботӣ - №54 (мтму №38) ва №55 (мтму №29) интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ба таври шаффоф ба роҳ монда шуда, сокинони деҳаи “Ҷаҳонзеб”, ки овоздиҳандаи ҳавзаи мазкур маҳсуб меёбанд, фаъолона ширкат варзиданд.

“Мардум ба тарафдории номзади арзандаи райъи худро доданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр кардааст, ки ба вакилӣ ду нафар номзади арзанда – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ва омӯзгори мтму №38 Иномҷон Дадобоев пешниҳод гашта буданд.

Бино ба иттилои раиси комиссияи шаҳрии интихобот Иномҷон Бобоҷонов бо гирифтани 77,5 фоизи овозҳо иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода ҳамчун вакили Маҷлиси Вакилони халқи шаҳр интихоб карда шуд.