Муҳофизони Мирзиёев консерти Лолитаро дар Тошканд "вайрон" карданд

Ҳангоми ҳунарнамоии Лолита, ногаҳон баландгӯякҳо аз кор мондаанд ва ӯ маҷбур шудааст тӯли 10 дақиқа бо мухлисон сӯҳбат кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Овозхони рус Лолита дар саҳифаи Инстаграм нақл кард, ки вақти консерт дар Тошканд ба ҳолати ғайримуқаррарӣ рӯ ба рӯ шуд.

Ҳангоми ҳанарнамоӣ вай, ногаҳон баландгӯякҳо аз кор мондаанд.

"Маълум шуд, ки дар наздикии толори консерт қасри президент ҷойгир будаасту раисҷумҳур пас аз кор аз кӯча мегузаштааст. Лаппиши хадамоти муҳофизони президент бо лаппиши дастгоҳи баландгӯяки мо рост омадааст, ки дар натиҷа балангӯякҳо аз кор мондаанд. Ман 10 дақиқа бо мухлисон сӯҳбат карда, аз ин ҳолати ногувор баромадам", - навиштааст овозхон.

Вай афзудааст, ки албатта аз ин вазъият асабӣ шуд, аммо ин санҷише буд.

Лолита аз мухлисони узбакистониаш изҳори миннатдорӣ кардааст, ки новобаста аз ин вазъи ғайричашмдошт, ӯро дастгирӣ карданд ва дар ҳаққаш суханҳои нек гуфтанд.

Ҳунарманд гуфтааст, ки ба вай Тошканд писанд омад, ба ӯ мухлисонаш либосҳои миллие зебое ҳадя карданд.