Коршинос Серенко: “Хатар аз Афғонистон” ба як тиҷорат табдил ёфтааст

Андрей Серенко, коршиноси пешбари Маркази таҳқиқоти Афғонистони муоссири Русия, хабари ҳузури ҷангҷӯён дар марзи Афғонистону Тоҷикистонро шарҳ дод
Sputnik

Дар Тоҷикистон ба моананди дигар дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хатари амалҳои террористӣ вуҷуд дорад.

Коршинос Серенко: “Хатар аз Афғонистон” ба як тиҷорат табдил ёфтааст

“Тарафдорони ДОИШ имрӯз дар дохили кишварҳои мо –Русия ва Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Ва барои онҳо барои анҷом додани амали террористӣ лозим нест, ки аз қаламрави Афғонистон ба дигар кишвар сафар кунанд”,- гуфт Серенко ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи вай, хабарҳо дар бораи ҷамъомади ҷангҷӯён дар мази Афғонистону Тоҷикистон бештар ба вижагиҳои сиёсати дохилии Тоҷикистон рабт дорад.   

"Пас аз вуруди Амрико дар Афғонистон фоҳишахонаҳо ташкил шуданд"

“Имрӯз дақиқ наметавон гуфт, ки аз марзи Афғонистон ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон хатаре вуҷуд дорад”, - таъкид намуд коршинос.

Коршинос қайд намуд, ки “Хатар аз Афғонистон” барои аксари кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба як тиҷорат табдил ёфтааст. Дар ин гуна таҳдидҳо баъзеҳо пули зиёд ба даст меоранд.

“Дар бораи хатару ҳамла зиёд ҳарф мезананд, аммо асл ҳеҷ ҳамлаву таҳдиде вуҷуд надорад”, қайд намуд Серенко.