Ду асари зани тоҷик - профессор Замира Ғаффорова дар Ҳиндустон мунташир шуданд

Рӯнамоии ин китобҳо санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар дар Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон баргузор шуд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ду рисолаи илмии доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Ғаффорова таҳти унвони “Адабиёти форсӣ дар Кашмир дар асрҳои XVI ва XVII”  ва “Ҷамолии Деҳлавӣ ва маснавии “Меҳру Моҳ”  аз ҷониби Институти таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон ба нашр расидааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯнамоии ин китобҳо санаи 21-уми феврал дар дар Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон  баргузор шуд.

"Дар рўнамоии китобҳои олимаи тоҷик ректори Донишгоҳи Алигарҳ Ториқ Мансур, раиси Анҷумани устодони забон ва адабиёти форсии саросари Ҳинд Озармидухти Сафавӣ, раиси Институти таҳқиқоти форсии Алигарҳ Асадалӣ Хуршед, раиси Маркази таҳқиқоти форсии Деҳлӣ Аҳсануллоҳ Шукруллоҳӣ, муҳаққиқони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Шри-Ланка ва устодони забон ва адабиёти форсии донишгоҳҳои мухталифи Ҳинд, аз ҷумла Деҳлӣ, Лакҳнав, Кашмир, Аллоҳобод, Беҷопур, Мумбай, Ҳайдаробод, Банорас иштирок доштанд", - менависанд манбаъ.

Ин севумин китоби илмии Замира Ғаффорова аст, ки аз ҷониби ин муассисаи муътабари илмӣ ва панҷумин китоби ин олимаи мумтози тоҷик аст, ки дар сарзамини Ҳинд ба нашр мерасад, афзудааст дафтари матбуотӣ.