Дар Тоҷикистон замин ҷунбид

Қувваи ду заминларзаи бавуҷудомада дар марказаш 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Имрӯз соатҳои 15:25 ва 15:27 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Ба гуфтаи президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба мухбири, маркази заминларза дар километрҳои 19-22-юми самти шарқии шаҳри Душанбе – дар шаҳри Ваҳдат мебошад.

Ба иттилои манбаъ, қувваи ду заминларзаи бавуҷудомада дар марказаш 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

“Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст”, -илова намудааст Фарҳод Раҳимӣ.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминларзаи дорои шидиддати 4,1 балла ба қайд гирифта шуда буд.