Ҳукумати вилояти Суғд: барандаи озмун миёни донишҷӯён соҳиби се ҳазор сомонӣ мегардад

Раиси вилояти Суғд қарор дар бораи гузаронидани озмун миёни донишҷуён бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғдро ба тасвиб расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik.  Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд​ миёни донишчӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳти унвони "Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ" озмуни мақолаи беҳтарин гузаронида мешавад.

Озмун барои таҳсил, иқомат ва табобати ройгони дипломатҳои ояндаи тоҷик дар Озарбойҷон

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Тибқи қарори ба имзо расидаи раиси ҷилояти Суғд хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ эҷод ва пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд.

“Ҳангоми таҳияи мақолаҳо меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ бояд риоя карда шуда, маводи пешниҳодшаванда дар ҷое нашр нагардида бошад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки муҳлати қабули маводҳо то 1 декабри соли 2019 сурат мегирад ва ғолибони озмун бо димлом ва мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ (ҷойи якум), 1500 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 1000 сомонӣ (ҷойи сеюм) сарфароз гардонида мешаванд.