Коҳиши содироти меваи хушк аз Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар

Мақомоти Тоҷикистон эълон намуданд, ки содироти меваҳои хушк берун аз кишвар коҳиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев – Sputnik.  Бино бар иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон содироти меваи хушк ба хориҷ аз кишвар дар соли 2018 ҳамагӣ 5 миллион долларро ташкил додааст.

Коҳиши содироти мева, намак ва алюминий аз Тоҷикистон

Тавре, ки манбаъ қайд намудааст дар соли гузашта Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷа ҳамагӣ дар ҳаҷми 19,5  ҳазор тонна меваи хушк содир кардааст.

Дар ҳамин ҳол дар соли 2017 содироти меваи хуш 28,4 ҳазор тоннаро бо маблағи умуии 6 миллион доллар ташкил дода буд.

Манбаъ хабар додааст, ки меваҳои хушки Тоҷикистон маъмулан ба Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мешаванд. Ҳаҷми содироти меваҳои хушк ба кишварҳои дури хориҷ аз ҷумла ба АМА ва Аврупо ғайри чашмрас мебошад.

Манбаъ аз шарҳи сабаби коҳиши содироти меваи хушк ба хориҷ аз кишварро худдорӣ кард.