Фиреби коршарик ба андозаи садҳо ҳазор доллар: Маҳмудов ба 11 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳрванд Баҳтиёр Маҳмудовро барои он, ки садҳо ҳазор доллари Ҳасан Имомназаров, сокини шаҳри Душанберо гирифта, фиреб додаст, ба 11 соли зиндон маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳ, Бахтиёр Маҳмудов, сокини 34-солаи шаҳри Хуҷанд охири соли 2013 барои кашондани ду мошини махсуси газкашонӣ аз Имомназаров 60 ҳазор доллар гирифта,  ду мошин барои кашондани газро харид кардааст.

Ҳалокати падару ду духтараш аз бӯи газ дар Хатлон

Манбаъ афзуд, дар пайи омода гардидани автомашинаҳо Маҳмудов аз Имомназаров барои хариди ду вагон газ боз 80 ҳазор доллари дигар гирифтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ иттилоъ дод, ки сипас Маҳмудов якчанд маротиба бо автомашинаҳои омоданамудааш аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе гази моеъ интиқол дода, аз ҳисоби фоидаи ба даст овардааш тибқи маслиҳати шифоҳӣ ба Имомназаров Ҳасан Алиҷонович 26 ҳазор доллар дода, ба боварии ӯ даромадааст.

Маҳмудов Бахтиёр барои таъсиси ширкат ва воридоти газ кишварҳои дигар  Имомназаров Ҳасанро муътақид кардааст, ки барои омода кардани анборгоҳи сӯзишворӣ барои гази моеъ ба зарфҳои махсус ниёз доранд.

Имомназаров манзили истиқоматиашро ба гарав гузошта аз “Аксес Бонк Тоҷикистон” қарз гирифта, дар маҷмуъ моҳи июли соли 2015 , 90 ҳазор доллар ва як мошини “BMW Х-5”-и 23 ҳазор долларӣ ва “Опел Астра Н”-и 7 ҳазор долларӣ, ҷамъ  120 ҳазор долларро ба Маҳмудов додааст.

Тоҷикистон 9,4 ҳазор гектарро барои сохтмони лӯлаи газ ба Чин ҷудо кард

Бар асоси иттилои додгоҳ дар пайи ин Маҳмудов мошинҳоро фурӯхта, ҷамъ 260 ҳазор доллари аз Имомназаров гирифтаашро барнагардонда, ғайб задааст.

Ин манбаъ афзуд, ки дар пайи кофтукоб Имомназаров Маҳмудовро дар Хуҷанд пайдо мекунад ва ӯ ба собиқ маблағгузораш мошини “Мерседес Бенс”, “Опел” ва 3500 долларро дода, таъкид кардааст, ки боқимонда маблағро низ медиҳад.

Тибқи парванда Маҳмудов ба ваъдаҳояш вафо накарда, ба Русия фирор мекунад, ки дар натиҷа ба Имомназаров Ҳасан ба маблағи 243 500 доллар зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Додгоҳ Маҳмудов Бахтиёр Зарифовичро дар қаллобӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 11 сол равонаи зиндон карда, давоми 5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум намудааст.