Додгоҳи ИМА: духтари тоҷик пул доду шавҳари қалбакӣ кард, то дар ИМА бимонад

Додгоҳи шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА Фарангис Ғафурова, ҷавонзани 24-сола аз Тоҷикистонро барои сохтакорӣ бо истифодаи шавҳари тақаллубӣ гунаҳкор дониста, ба 5 соли шартӣ маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тавре расонаҳои амрикоӣ аз қавли додгоҳ хабар додаанд, Ғафурова ва Файсал Гарба-Аденкунҷои 29-сола аз ҷумҳурии Бенин, як кишвари африқоӣ дар тақаллубкорӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Нақли Светлана дар бораи хонадоршавӣ бо Довуд

Файсал Гарба ба 6 моҳи зиндон ва як соли озодии таҳти назорат ва Ғафурова шартан ба 5 сол маҳкум гардидааст.

Ба иттилои мақомоти ИМА, Ғафурова бо Гарба соли 2013, замоне, ки донишҷӯи “Metropolitan Community College” будааст, вохӯрдааст. Манбаъ афзуд, ки Ғафурова он замон бо раводиди донишҷӯён дар ИМА қарор дошт ва Гарба ба ӯ пешниҳод кардааст, ки баъди анҷоми муҳлати раводид барояш ягон шавҳари шаҳрванди ИМА пайдо кунад.

Ба иттилои додгоҳ, Гарба бо ин мақсад Ҷеремиаҳ Логан, шаҳрванди ИМА-ро ҷалб карда, моҳи январи соли 2015 хонадоршавии тақаллубии Логан ва Фарангис сурат гирифтааст.

Дар пайи хонадоршавӣ навхонадорон асноди муҳоҷиратӣ пур кардаанд, аммо департаменти амнияти дохилӣ ин қазияро таҳқиқ карда, тақаллубии онро ошкор кардааст.

Логани амрикоӣ барои иштирокаш дар ин сохтакорӣ 5 ҳазор доллар талаб кардааст, аммо дар ниҳоят танҳо 2 ҳазору 800 доллар гирифтааст.

Бар асоси гузориши расонаҳои амрикоӣ, Логанро низ барои иштирокаш дар ин тақаллубкорӣ ҳукми додгоҳ интизор аст ва қазияи ду шаҳрванди хориҷии дигар инчунин аз сӯи мақомоти муҳоҷират баррасӣ хоҳад шуд.