Рақами 29: автобусҳои хатсайри нав дар Душанбе ба ҳаракат даромаданд

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, имрӯз дар пойтахт автобусҳои рақами 29 дар масири нав ба ҳаракат даромаданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Хатсайри нав бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе дар самти Беморхонаи Қарияи боло - маҳаллаи Пахтакор роҳандозӣ гардид.

Тафсилоти суолу ҷавоб бо вазир: аз роҳҳои пулакӣ то нақшаҳои Ҳукумат ва ниҳоди нав дар Чин

Шаҳрдорӣ мегӯяд, хатсайри ҷадиди рақами 29 аз хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопалов ва Борбад мегузарад.

Қаблан шаҳрдорӣ иттилоъ дода буд, ки дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов аз 24 феврал то 5 марти соли 2019 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Манбаъ ин маҳдудиятро ба сохтмону азнавсозии селпартои кӯчаи Карамов рабт додааст.

Шаҳрдорӣ аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.