Қатор сокини ноболиғи Душанберо зер кардааст

Як сокини ноболиғи шаҳри Душанбе 23 феврал зери қатори боркаш монда, ҷон додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш тахминан соати 10:45 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух дод.

Манбаъ мегӯяд, қатори боркаш таҳти идораи ронанда Ҳакимов Дилшоди 35-сола ва ёрдамчӣ - Каримов Холи 28-сола, ҳангоми ҳаракат дар хатти роҳи оҳани воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғ, Ёров Аҳмадзоир Сафархоҷаевич, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Душанберо зер кардааст.

“Дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилояи ВУД.