ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ҳунармандони сирк аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Душанбе меоянд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.
Нахустин бор дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи рангини ҳунармандони барҷастаи чашмбандӣ ва ромкунандагони ҳайвоноти дарранда аз Россия ва кишварҳои ИДМ таҳти унвони “Барномаи калон” баргузор мегардад.
Ин як силсилабарномаи муштаракест, ки дар он устодони барҷаста оид ба чашмбандӣ ва акробатика аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Россия иштирок хоҳанд кард. Россияро ҳунармандони Москва ва Санкт-Петербург муаррифӣ мекунанд.
Ба барномаи рангину ҳайратангез беҳтарин баромадҳо бо иштироки гимнастҳои ҳавоӣ, акробатҳо, чашмбандон ва масхарабозон ворид мешаванд. Инчунин дили тамошобинони тоҷикро сагчаҳо, аспҳо, хирсҳо ва тӯтиҳои нағмагар шод хоҳанд намуд.
“Ҷавҳари ассосии барнома ин шерони африқоӣ ва чашмбандиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки ҳам ба хурдсолон ва ҳам ба калонсолон писанд меоянд”, афзудааст манбаъ.
Ҳунармандони Сирк аллакай аз 10 март ба омадан шурӯъ намуда, намоиши аввалин 15 март дар Сирки давлатии Душанбе оғоз мегардад.
Сафари ҳунарӣ то 7 апрел давом мекунад. Намоишҳои нахустин 15 март соати 12.00 ва 16.00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мегарданд.