Камол пайдо шуд – акс

Фазлиддин Насриддинов, як сокини шаҳри Душанбе барои пайдо кардани фарзанди бедаракшудаи бемораш дар пойтахт аз шаҳрвандон кӯмак хоста буд, ахирн иттилоъ дод, ки фарзандашро ёфтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Насриддинов субҳи имрӯз бо нашри акси писараш – Камоли 17-сола, ки ба гуфтаи падар мубталои бемории “аутизм” аст, изҳор дошт, ки бори охир ӯро субҳи имрӯз дар наздикии ШВКД-и ноҳияи Сино дидаанд, ки ба тарафи маркази савдои  “Саодат” ҳаракат доштааст. Ӯ гуфт, Камол дар тан “брижа”, “свитер” дошта, дар пойҳояш ҷуроб бидуни пойафзол доштааст.

Соате баъди нашри эълон Насриддинов аз пайдо шудани фарзандаш дар Душанбе хабар дод.