Эмомалӣ Раҳмон: “Кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад”

Мафҳумҳои  “радикализми исломӣ” ва “экстремизму терроризми динӣ”-ро танҳо ба номи дини мубини мардуми мусулмон мансуб медонанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронияш изҳор намудааст, ки ба ҳайати гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. “Аслан, тавре ки ман борҳо таъкид кардаам, кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бисёр хатарнок мебошад”, - иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ шодбош гуфт

Раисҷумҳур таъкид намудааст, ки  мо даҳшати чунин амалро солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари худамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Лекин дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи даҳсолаҳои охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонида истодаанд. Дар ин раванд, мафҳумҳои «радикализми исломӣ» ва «экстремизму терроризми динӣ»-ро танҳо ба номи дини мубини мардуми мусулмон мансуб медонанд.

“Ва ин дар ҳолест, ки ислом табиатан ва моҳиятан ҷаҳонбинии сулҳу салоҳ мебошад ва бо хушунату зӯроварӣ, ҷангу хунрезӣ ва терроризму экстремизм умумияте надорад”, - қайд кардааст сарвари давлат.

Вай таъкид намудааст, ки  ин масъалаҳои муҳим дар ҷараёни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд ҳамеша дар назар дошта  шаванд. Мардум, хусусан,   наврасону ҷавонон бояд инро дақиқ дарк намоянд, бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунанди иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд.