ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Комазакӣ ҳафтаи равон навори суҳбат, дуторнавозӣ ва сурудхонии тоҷикияшро дар шабакаи Ютуб нашр кард. Ӯ бо забони тоҷикӣ таъкид намуд, ки феълан ҷопониҳою тоҷикистониҳо аз фарҳанги ҳамдигар огоҳии кофӣ надоранд.
Ӯ илова намуд, ки Тоҷикистонро дар Ҷопон тавассути мусиқӣ муаррифӣ мекунад. Сипас Комазакӣ дутор ба даст гирифта, суруди “Қалъабандӣ”-ро иҷро намуд.
Комазакӣ тавзеҳ дод, ки ин аввалин суруди тоҷикӣ аст, ки онро ёд гирифтааст ва шунавандаҳои ҷопонӣ онро хуш пазируфтаанд.
Ин овозхони ҷавон изҳори ният кард, ки мехоҳад ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Ҷопонро густариш диҳад.