Бунёди беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти низомӣ

18 декабри соли 1992 қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расида,  23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ  баргузор гардид ва  он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 400 бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ шодбош гуфт

Бояд зикр кард,ки оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи кишвҷар марказҳои таълимии навъҳои қӯшунҳо ва навсозии бинову иншооти муҳими ҳарбӣ бомаром идома доранд.

Муҳайё гардидани ҳамаи шароити муносиб ба талаботи ҳарбӣ  маҳз самараи даврони Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб ёфта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити қисмҳои низомӣ  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ  амалӣ  карда мешаванд.

Имрӯзҳо занону духтарони  кишварамон чӣ дар сохторҳои ҳукуматӣ ва  чӣ дар  ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои  байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият  менамоянд. Онҳо дар Артиши миллии Тоҷикистон низ  мавқеи хосса дошта, дар баробари мардон дар ҳамаи самтҳо  хизмати шоиста ба ҷо меоранд.

Имсол ба таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон 26 сол пур мешавад.

Омодагии Рустам Эмомалӣ бораи таҷлили 25-солагии Қувваҳои мусаллаҳ
 Артиши миллӣ   зодаи  даврони истиқлол буда, дар ҳамин давра таъсис  ва дар  як муддати кӯтоҳ ташаккул ва обутоб ёфтааст.   Ба ҳамагон маълум аст, ки нақши  Артиши миллӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон  басо бузург аст.

Вобаста ба ин Вазири мудофиаи Тоҷикистон,  генерал-полковник Шералӣ  Мирзо қайд кардааст, ки “Тоҷикистон  миёни кишварҳои пасошӯравӣ ягона давлатест, ки  артиши худро аз сифр бунёд кардааст. Ба мо аз артиши абарқудрати шӯравӣ қариб чизе аз таҷҳизоти моддӣ-техникӣ боқӣ намонд. Ҳарчанд  дигар ҷумҳуриҳо тамоми ҷузъу томҳоеро, ки дар ҳудудашон буданд, миллӣ карданд”.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ,  сарфи назар аз он ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ  ва муноқишаҳои дохилӣ  фарогир буданд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд.

18 декабри соли 1992 қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид. Дар асоси он Қувваҳои  мусаллаҳи мо  дар   заминаи  неруҳое, ки ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуданд.    23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ  баргузор гардид ва  он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд.