Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро бо 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ шодбош гуфт

"Мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд", - изҳор дошт раисҷумҳур
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, мардуми Тоҷикистонро бо рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ шодбош гуфтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Раисҷумҳур дар суханронӣ аз таърихи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ёдовар шудааст.

"Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд", - изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Кишвардори Тоҷикистон афзудааст, ки " мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд".