Шифери тавлиди Тоҷикистон ба бозор пешниҳод шуд

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Тоҷикистон ширкати нави тавлиди шифер ба баҳрабардорӣ расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, зарфияти солонаи ин ширкат тавлиди 500 ҳазор дона шифер мебошад.

Ин ширкат дар моҳи январ 40 ҳазор дона шифер ба арзиши 1,1 миллион сомонӣ, муодили 116,6 ҳазор долларро тавлид кард, навиштааст хабаргузории ТоҷикТа аз қавли Вазорат.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир нархи як дона шифери тавлиди Русия дар Душанбе ва ноҳияҳои наздик 55-65 сомонӣ мебошад.