ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар Вазорати корҳои дхилӣ маҳфили шеър баргузор шуд, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, маҳфил имрӯз дар маҷлисгоҳи вазорат баргузор шудааст.
"Дар чорабинӣ адабиётшинос Саидалӣ Саид ва ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ва ҳайати шахсии ВКД иштирок намуданд", - менависад манбаъ.
Дар маҳфил адабиётшинос Саидалӣ Саид ва ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ортиқи Қодир порчаҳои шеъриро аз шоирони классик ва муосири тоҷик қироат намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки пештар вазири ин ниҳод Рамазон Раҳимзода дар рафти нишасти матбуотӣ фурсати шеърнависиашро тавзеҳ дода буд.
Ӯ гуфта буд, ки "баъди соати 8-9 ҳар чизе лозим бошад менависам, пешниҳод мекунам".
Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки бо тахаллуси шоирии Ниҳонӣ шинохта шудааст. Пештар чанд шеъри вай, аз ҷумла "Модар фаришта буд", дар пайравии шеъри Озар Салим расонаӣ шуда буд.