Дар Русия чор тоҷикро ба иттиҳоми шаробсозии ғайриқонунӣ дастгир карданд

Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки қонунгузории муҳоҷиратии Русияро нақз карда будаанд, ба омодаи шароби сохта машғул будаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дар вилояти Свердловск кормандони ФСБ фаъолияти коргоҳи ғайриқонуниеро пешгирӣ карданд, ки дар он шароби қалбакӣ омода мекарданд.

Гуфта мешавад, дар ин конргоҳ панҷ шаҳрванди Тоҷикистон кор мекарданд. Чор нафари онҳо қонуни муҳоҷиратии Русияро нақз кардаанд.

Аз ин коргоҳ дар умум бештар аз шаш тонна спирти этилӣ, 20 ҳазор шиша мусодира гардид, ки дар тамғакоғазҳояшон номгӯи шаробҳои номие чун "Талка", "Хортица", "Лезгинка", "Дербент" ва "Хеннеси" навишта шуда буд.