Баррасии масоили тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ бо Ҳиндустон

Масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар мулоқоти cардори Хадамоти гумруки кишвар Хуршед Каримзода бо Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош дар Душанбе баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik.  Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Сомнатҳ Гҳош Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи дар бахши фаъолияти гумрукиро баррасӣ намуданд.

Дар Деҳли дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқот татбиқи “Созишномаи  байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ” матраҳ гардид.

Санади мазкурро  сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва сардори Шӯрои марказии андозҳои ғайримустақим ва гумруки ҳукумати Ҳиндустон Ванаҷа Н. Сарна моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Деҳлӣ ба имзо расонида буданд.

 Созишномаи мазкур, тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 августи соли 2018, тасдиқ гардидааст.

Самти ин Созишнома ба рушди ҳамкории гумрукӣ, бахусус, мубодилаи иттилоот оид ба истифодаи воситаҳои техникии назоратӣ, интиқоли транзити молу воситаҳои нақлиёт, гардиши тиҷорати дуҷониба, расонидани ёрии байниҳамдигарӣ, омӯзиш ва такмили малакаҳои кормандони гумрук нигаронида шудааст.